1

Боздид раиси вилоят

Раиси вилоят аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод-2”-ки бо бренди «Витаминхои Точикистон» машхур аст, дар ноҳияи Спитамен боздид намуд18 декабри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод-2” боздид намуд.Гармхонаи гидропоникӣ-инноватсионӣ бо ташаббуси роҳбарияти хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод-2” дар масоҳати як гектар бунёд гардида, дар он то 30 ҳазор дона кӯчати помидор шинонида шудааст. Ба иттилои масъулин аз ин гармхона дар як сол ду маротиба ҳосил гирифта мешавад ва айни замон марҳилаи аввали ҳосилгирӣ аст. Аз як гектар гармхона дар марҳилаи аввал то 120 тонна маҳсулот рӯёнида шуда, помидорҳои хушсифат ба бозор бароварда мешавад. То имрӯз бошад алакай 25 тонна помидор истеҳсол гардидааст.